Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хабарҳо - ВОХЎРӢ БО КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ КОРРУПСИЯ

     Дирӯз дар асоси нақшаи кории шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохўрии намояндаи он зери роҳбарии сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоии минтақаи Кўлоб Подполковники адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод бо фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Саравал муовини раиси ноҳия муҳтарам Ҳусния Исҳоқӣ ба сухан баромада, оид ба аҳамият ва зарурати Паёми имсолаи Президенти мамлакат ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар самти пешгирии муқовимат бо коррупсия ибрози андеша намуданд.

Сипас сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи Агентии назорати даввлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб подполковник Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализода оид ба муҳтавои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рафти амалишавии он дар ташкилоту муассисаҳо сухан гуфта, қайд намуданд, ки Президенти кишвар зимни ироаи паёми худ чандин нуқтаҳои муҳимро ёдовар шуданд: "Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2, 1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоат аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд"

Яъне, бо ташаббус ва ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз сатҳи некуаҳволии мардум беҳ гардида, шароити зиндагии шаҳрвандон тадриҷан хуб шуда истодааст. Ҳамчунин, номбурда дар бораи рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030” маълумот дод. Зимнан баён гардид, ки коррупсия низ дар баробари чандин зуҳуроти номатлуби доғдоркунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, паҳн гардидани он ва пешгирӣ накардани ин раванд метавонад дилхоҳ миллату давлатро ба нестӣ оварда расонад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд.

Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030 яке аз онҳост, ки метавонад дар решакан намудани ин падидаи номатлуб саҳми бориз гузорад.

Дар интиҳо аз тарафи ҳозирин ба намояндагони бахш суолҳо пешниҳод гардида,ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай