Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Озмуни "Ватанпарвар"

       Дирӯз бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар майдони Исмоили Сомонӣ бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълимии ноҳия даври ноҳиявии Озмуни ҳарбӣ-варзишӣ "Ватанпарвар" баргузор гардид. Дар чорабинӣ 43 муассисаи таълимӣ иштирок доштанд. Мақсад аз доир намудани Озмуни "Ватанпарвар" баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ, ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон ва ба ин васила омода намудани онҳо ба хизмати Модар-Ватан маҳсуб меёбад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ хонандагони муассисаи таълимии рақами 54 соҳиби ҷойи аввал, мактаби рақами 16, ҷойи дуюм ва мактаби рақами 23 сазовори ҷойи 3-юм гардидаанд.

Хонандагони МТМУ рақами 54 шарафи ноҳияро дар даври вилоятии Озмун "Ватанпарвар" намояндагӣ мекунанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай