Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОЌОТИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН

                      Дирўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам  Салимзода Амонулло Файзулло  бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолони ноҳия мулоқоти озоду самимӣ баргузор шуд.

   Нахуст, гузориши муовини якуми раиси ноҳия  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия  дар  соли 2022 шунида шуд. Сипас, муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода А.Ф., баромад намуда, аз рӯи гузориш таҳлилҳо намуд ва ба масъулин дастуру супоришҳои и.в раиси вилояти Хатлонро расониданд. Зимни баромади хеш номбурда,  ба аҳли заҳмати ноҳия миннадории и.в раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро расонд. Ҳамчунин, аз тарафи муовини якуми раиси вилояти Хатлон нисбати истеҳсоли тухм ва парвариши моҳӣ дар соли 2022 эрод гирифта шуда, ба масъулин  супориш доданд, ки дар ин самт корро пурзўр намуда, назорати ҷиддиро ба роҳ монанд. Оид ба захираи тухмиҳои хушсифат ва кишти зироатҳои кишоварзӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки бо мусоид омадани боду ҳаво кишти зироатҳои кишоварзӣ марҳила ба марҳила ба роҳ монда шавад.

   Дар идомаи мулоқот муовини якуми раиси вилоти Хатлон муҳтарам Салимзода А.Ф., дастуру супоришҳои и.в раиси вилояти Хатлонро ба аҳли заҳмати ноҳия расонда, таъкид доштанд, ки: саривақт ва бо сифат дар муҳлати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти зироатҳо, додани озуқа ба зироатҳои кишоварзї омодагии техникаҳо ба  мавсими кишт, шаклдарорӣ ва барқарор намудани боғҳо, зиёд намудани майдони гармхонаҳои мавсимӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва ободонӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, таъмин ва татбиқ намудани Барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва тақвият бахшидани корҳо оид  ба иҷрои Дурнамо дар соли  2023  дастуру тавсияҳо дода, таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ низ меҳнаткашони ноҳия   ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай қайд карданд, ки  кишоварзони ноҳия тамоми чораҳоро  меандешанд, ки  соли 2023-ро бо натиҷаҳои хурсандибахш дар ҳамаи соҳаҳо ҷамъбаст менамоянд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай