Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУЊТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

САФАРИ КОРИИ ИҶРОКУНАНДАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУЊТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Субҳи 18-уми феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносої аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва вохӯрӣ бо фаъолон ва соҳибкорон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф овард.

         Нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли орд, ки дар заминаи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бунёд гардида истодааст, боздид ба амал овард.Маълумот дода шуд, ки Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Мирзоев Ҷиёнхон бунёд карда шудааст. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид гардидааст. Фаъолияти корхона ба истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, айни ҳол пурра фаъолият карда истодааст.Корхона аз 4 хати технологӣ иборат буда, шумораи кормандон 23 нафарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона  дар як басти корӣ аз 1,5 то 2 ҳазор халтаро ташкил медиҳад.  Халтаҳои истеҳсолнамудаи корхона асосан барои нигоҳдории маводи хӯрокаю маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда мешавад.

         Дар заминаи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ корхонаи истеҳсоли орд бо маблағи 417 000 сомонӣ аз тарафи соҳибкор сохта шуда истодааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 96 тонна орд, бо таъсиси 5 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.Дар рафти боздид, Раиси вилоят ба масъулони соҳа суҳбат намуд ва барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ тавсияҳои муфид доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай