Дар толори маҷлисгоҳи Филармонияи ба номи Одина Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд ва қайд намуданд, ки ҳар фарди кишвар бояд баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош намуда, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизи худ кору фаъолияти шоиста намояд. Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон оид ба таъмини ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати кишвар ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Дар ҷамъбасти мулоқот и.в раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, истифодаи самараноки замин, саривақт тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, вусъат бахшидан дар корҳои бунёдӣ дар иншооти сохташаванда, таъмиру тармими роҳҳо, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, таъмин намудани мутахассисони соҳаи маорифу тандурустӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ