Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ШИНОСОӢ АЗ БУДУБОШИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҚИСМИ ҲАРБӢ

         Баъд аз вохӯрӣ бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо гурӯҳи ҳамроҳонаш аз будубоши хизматчиёни қисми ҳарбии 0307-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боздид ба амал овард.

Нахуст, аз базаи моддӣ – техникии ҳарбии қисми низомӣ боздид намуд. Масъулон дар бораи омодабошии қисми ҳарбӣ ва мавҷудияти базаи модию техникии қисми ҳарбӣ ба тариқи амалӣ намоиш барпо намуданд.

Сипас, Давлаталӣ Саид дар вақти боздид аз вазъи ҳолати техникӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити қисми низомӣ боздид ба амал оварданд. Дар рафти боздид аз таъминоти ғизоии афсарону аскарони қисми низомӣ шиносоӣ пайдо кард.

Дар вохӯрӣ бо афсарону аскарони қисми низомӣ суханронӣ намуда, онҳоро ба муносибати 30-солагии Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки “Боиси ифтихор аст, ки аз оғози таърих миллати тамаддунсози мо соҳиби артиши худ буда, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва дифоъ аз таҳоҷуми аҷнабиён қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Ба ин хотир, миллати тоҷик ба шумули халқиятҳое дохил мешавад, ки аз аввалинҳо шуда сипоҳдориро дар ҷаҳон расм кардаанд.

         Мояи сарфарозии ҳар яки мову шумо аст, ки имрӯз аз 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамоем. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат таҳкимбахши истиқлолияти миллӣ, муҳофизи ваҳдати сартосарии мардум, ҳимоятгари марзу буми кишвар, кафили амнияту суботи меҳан буда, дар ин муддат рисолати бузурги худро дар назди халқу Ватан иҷро карда истодаанд.

Бо истифода аз ин фурсат бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳамаи шумо ҳозирини гиромӣ ва муҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватан самимона табрик гуфта, барои заҳмати шабонарӯзиатон ба хотири сулҳу субот ва оромиву осудагии халқ, садоқат ба Конститутсия, Сарвари давлат ва муқаддасоти миллӣ изҳори сипос менамоям.”

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай