Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕХНИКАҲО БА КОР ОМОДААНД.

        Имрўз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, намояндаи Вазорати кишоварзии ҶТ, Солиев Сайфиддин, муовини директори КВДҶ—«Тоҷикагролизинг» Бахтиёр Болтаев, сардори Раёсати кишоварзии минтаќаи Кўлоб Гулмаҳмадзода М., намоиши техникаҳои кишоварзӣ доир шуд. Дар ноҳия комиссияи махсуси аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия созмон додашуда, дар тамоми хоҷагиҳо омодагии техникаҳои дар соҳаи кишварзӣ кор мекардагиро ба мавсими кишту кор мавриди санҷиш қарор доданд. Маълум гардид,ки механизаторон техникаҳои дар ихтиёрашон бударо пурра ва босифат ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода намудаанд.

Натиҷаи омодагии техникаҳои кишткунанда ба таври умумӣ дар маркази ноҳия дар назди меҳмонон ва сокинони ноҳия бори дигар мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифт. Дар ин чорабинӣ 130 адад техникаҳои кишоварзии гуногунтамғаро механизаторон ба санҷиши комиссияи қабули техникаҳои кишоварзӣ пешниҳод намуданд.

-Имсол нисбати солҳои пешин техникаҳои кишткунанда ва дигар намудҳои он хеле барвақт ба кор омода карда шуданд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки механизаторон қатори деҳќонон масъулият ҳис намуда, баҳри дар сари вақт ба иҷро расондани мавсими кишту кори баҳорӣ тайёрии ҳаматарафа дидаанд. Ин тарзи кор махсусан дар Ҷамоатҳои деҳоти Панҷрўд, Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Панҷоб бо сифати баланд анҷом дода шудааст,-гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Тоҳир Рафиев.

Меҳнаткашони ноҳия имрўзҳо аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, заминҳоро баҳри босифат кишт кардан ҳамтарафа омода намуда истодаанд.

Ба механизаторони пешқадам, ки техникаҳои худро хушсифат таъмир карда, ба кишти баҳорӣ омода намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ «Ифтихорнома»-и раиси ноҳия ва туҳфаҳо супорида шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай