Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНИ НАВРӮЗӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБӢ

Имрӯз дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и ҶТ ба муносибати Ҷашни бошукуҳи Наврӯзи фархундапай бо иштироки афсарону сарбозони қисми низомӣ, Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва меҳмонон чорабинии идонаи наврӯзӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ҳомиёни Ватан ва аҳли ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои баҳори нозанин ва Наврӯзи дилафрӯз таббрику таҳният гуфта, ба онҳо тани сиҳат, рӯзгори нек ва хизмати шоиста ба Ватан таманно намуд. Дар ин рӯз аз тарафи афсарону сарбозони қисми низомии мазкур дастархони идона оро дода шуда, сунатҳои неки ниёгонамонро дар таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идона табъи ҳозиринро болида намуданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай