Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАШНИ БОТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ

        Имрӯз дар маркази маъмурии ноҳия ҷашни бошукуҳи Наврӯз таҷлил гардид. Хурду бузург, пиру барно бо бар кардани либоси идона ба ҷашнгоҳ ҳозир гардида, шодию хурсандӣ менамуданд. Ҳар як ташкилоту муассиса, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо дастовезҳои худ ба намоишгоҳ ҳозир гардида, дастранҷи худро пешкаши иштирокдорон намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо шахсони расмӣ аз намоишгоҳ дидан намуда, ба аҳли заҳмат, иштирокчиён варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигӣ изҳорӣ миннатдори намуданд. Бояд гуфт, ки сокинони ноҳия дар тантани ҷашни Наврӯз дастархони идона густурда, тамоми сунатҳову анъанаҳои ҷашни Наврӯзро пешкаши иштирокчиен гардониданд. Воқеан, ҷашни Наврӯз таърихи куҳан ва рамзи дустию рафоқатро дошта бо омад- омади баҳор, он ба диери хушманзари Тоҷикон файзу баракот ва шодию сурурро меорад. Баъди тамошои намоши дастархони идонаи Наврузӣ раиси ноҳия ва дигар шахсони расмӣ бо суханҳои табрикии худ ба дили иштирокчиен нерую тавоноӣ, иқболу умеди нав ва руҳия ватандустию ватандорӣ бахшиданд. Барномаи фарҳангии ҷашни Наврӯз, ки аз тарафи аҳли ҳунари ноҳия омодагардида буд дар сатҳи хело хуб баргузор гардида, табъи ҳозиринро шод намуданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай