Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҚАҲРАМОН ВА МЕҲНАТОБОД

         Дирӯз бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар толори маҷлисгоҳи МТМУ рақами 12-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон мулоқоти судманд бо директорони мактабҳо, клубу китобхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, фаъолон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва эмомони масчитҳои ҳудуди Ҷамоатҳои Қаҳрамон ва Меҳнатобод  баргузор гардид. Пеш аз оғози сӯҳбат раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А худро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки вазъи имрузаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, шомил шудани онҳо ба ҳаргуна гуруҳҳои ифротӣ, созмонҳои мамнуъ ва мағзшуи гардидани баъзе аз шаҳрвандони ноҳия, ки аз тарафи мақомотҳои қудратӣ дастгир гардидаанд моро водор месозад, ки дар таълиму тарбияи фарзандон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем. Доири масъалаи зикршуда аз тарафи раиси ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба шахсони фаъол, раисони маҳаллаҳо ва эмомони масҷидҳо баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва хатаровари ҷомеа вазифаҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, дар идомаи сӯҳбат раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А доир ба масъалаҳои даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиш, саривақт ва бо сифат анҷом додани кишти баҳории зироатҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, иштирок дар корҳои ободонию бунёдкорӣ суханронӣ намуда, аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки дар якҷоягӣ баҳри сарсабзу зебогардонии Ватани азизамон саҳми худро гузоранд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай