Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ДАШТИГУЛО ВА ПАНҶРӮД

         Нимаи дуюми имрўз раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати шиносоӣ бо кору пайкори сокинони Ҷамоати деҳоти Даштигуло ва Панҷрӯд бо онҳо сӯҳбат орост. Дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони мактабҳо, роҳбарони клубу китобхонаҳо, эмомони масчитҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони Ҷамоат даъват гардида, ширкат варзиданд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А, зимни баромади хеш худро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доири масъалаҳои ҳалталаби рӯз сӯҳбат оростанд. Дар ҷамъомад аз вазъи имрузаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, шомил шудани онҳо ба ҳаргуна гуруҳҳои ифротӣ, созмонҳои мамнуъ маърӯзаҳо қироат гардид. Сипас раиси ноҳия масъалаи мазкурро зери таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба шахсони фаъол, раисони маҳаллаҳо ва эмомони масчитҳо баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва хатаровари ҷомеа вазифаҳои мушаххас доданд. Доири масъалаҳои кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва даъвати баҳории наваскарон ба сафи артиш раиси ноҳия сухан намуда, таъкид карданд, ки вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ин пеш аз ҳамма хизмат ба Ватан буда, таълиму тарбияи насли наврасро мебояд дар руҳияи баланди ватандустӣ ба роҳ монд. Аз аҳли толор даъват ба амал оварда шуд, ки дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бетарафиро ихтиер накарда, баҳри босифат ва саривақт гусел намудани ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай