Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия

Рӯзи 27 марти соли равон дар Маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид, ки дар он як силсила масъалаҳои ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа муовини аввал, муовинони соҳавӣ, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд.

Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи март мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия ба шахсони масъули бахш дастуру супориш доданд, ки аз рӯзҳои боқимондаи моҳ самарабахш истифода бурда, нақшаи ҷамъоварии андозро пурра таъмин кунанд.

Масъалаҳои дигари рӯзнома- тозаю озода намудани дохили боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, гирифтани овезаҳо ва парчамҳои миллӣ, иваз намудани чароғакҳои корношоямшудаи кӯчаҳои шаҳрак, омода ва сари вақт супоридани ҳисоботҳои семоҳаи ташкилоту муассисаҳо низ ҳаматрафа баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба муовинони соҳавӣ, раиси шаҳрак, дигар шахсони масъул супоришу тавсия доданд, ки бобати иҷроиши корҳо ва ҳалли масъалаҳо тадбирандешӣ намоянд.

Алҳол, ки рӯзҳои мусоиди фасли баҳор фаро расидааст ва он барои гузаронидани корҳои саҳроӣ –кишти ҳаргуна зироатҳо муносиб аст, ба раисони Ҷамоатҳо ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби раиси муҳтарами ноҳия супориш дода шуд, ки кишти пунбадона дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сифати баланд гузаронида шавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои тақсимоти кирмаки пилла дар хоҷагиҳо, таъмини об ба хоҷагиҳои деҳқонӣ баррасӣ гардида, раиси ноҳия шахсони мутасаддиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳо чораҳо андешанд.

Масъалаи даъватӣ баҳорӣ, ки масъалаи умдатарини рӯз аст, ҳаматарафа баррасӣ шуд ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ба муовини соҳавӣ, комиссариати ҳарбӣ, ҷамоатҳо дастуру супориш доданд, ки даъвати баҳориро дар сатҳи баланд гузаронанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай