Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хизмат ба Ватан- мактаби мардонагӣ

    Хизмат ба Ватани азиз қарзи фарзандии ҳар як ҷавони баномус ва сарбаланд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи фарзандии худро дар назди Ватан- Модар бо сари баланд адо намояд.

    Ҳамагон медонанд, ки  хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ, мактаби далериву шуҷоат ба ҳисоб рафта, ҷавонон дар ин мактаби зиндагӣ дарси ватандӯстиву мардонагӣ меомӯзанд.

   Ҳимояи марзу буми диёри  офтобиамон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ба ору номус маҳсуб ёфта, ҳар сол дар кишварамон баҳору тирамоҳ ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд.

    Бо ҳамин муносибат, рӯзи 1 апрели соли 2023 дар майдони Исмоили Сомони маркази ноҳия ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба “ Рӯзӣ даъватшаванда” баргузор гардид, ки дар он ҳамаи кормандони МИҲД-и ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, ташкилоти  “Ҳомиёни Ватан”, намояндагони қисми ҳарби дар  дар ноҳия мустақар, волидайни даъватшавандагон, ҳамсабақону ёру наздикон, донишҷӯён ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

    Нахуст, дар чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни  ҳамоиши тантанавиро бахшида, ба  “Рӯзи даъватшаванда” табрику шодбош гуфта , бо наваскарони шуҷои Ватан хизмати содиқона, тани сиҳат ва бурдбориву мардонагӣ таманно намуданд.

     Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  Шариф Раҳимов ва падари даъватшаванда Сафаров Хуҷавалӣ  баромад карда , ба наваскарону  муҳофизони марзу буми Ватан хизмати шоиста  ва роҳи сафеду  иқболи баланд хоста, ҳозиринро бо ин “Рӯзи  даъватшаванда” табрику таҳният гуфтанд..

     Баъдан, тибқи анъана, маросими “Нонгазон сурат гирифт ва духтарони зебои диёр ба наваскарон рӯймолчаҳо ҳадя намуданд.

     Имрӯз аз  майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия 44 нафар ҷавонон ба  таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанд.. ба иштирокчиёни “Рӯзи даъватшаванда” ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим  як барномаи  хуби ҳунарӣ манзур намуда, хотири ҳамагонро болида гардониданд.       

                         

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай