Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси назоратии назди раис

      Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини аввал, муовинони соҳавӣ, роҳбари Дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай гузашт.

Дар ҷаласа як силсила масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ибтидо масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи апрел мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай шахсони масъули соҳаро бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ ва таъмини саривақтии иҷрои нақшаи андози моҳи апрел ва чораҳои зарӯрӣ вазифадор намуд.

Масъалаи тоза намудани партовҳои назди Бозорӣ марказии ноҳия, вусъати тоза бахшидан ба корҳои ободонию сарсабзгардонии кӯчаву растаҳои шаҳрак аз масъалаҳои муҳими ҷаласа ба ҳисоб рафта, раиси ноњия аз вазъи кунунӣ дар ин самт изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ин рў, бо супориши раиси ноҳия ба роҳбарони як қатор ташкилоту муассисањо аз ҷумла, мудири бахши ҳифзи муҳити зист, директори МНДСЭ, директори Маркази бехатарии озуқаворӣ, раиси Кумитаи идораи замин, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва раиси Ҷамоати шаҳраки Москва барои беаҳамиятӣ зоҳир намудан нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба муҷозоти интизомӣ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, бо супориши раиси ноҳия ба сохторҳои болоии онҳо мактуб ҷиҳати кам фаъол будани ин ниҳодҳо ирсол карда мешавад.

Масъалаҳои дигари рӯзнома, бо об таъмин намудани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, алалхусус, кишти пунбадона, ошкор ва ислоҳ намудани камбудиву мушкилотҳо дар ҳар соҳаи хоҷагии халқи ноҳия, гузаронидани кишти пахта дар заминаҳои пештар юнучқа коридашуда, кишти такрории пахта баъди даравидани гандум низ ҳаматарафа баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба ҳамаи масъулини соҳа- муовинони соҳавӣ, Раёсати кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳо таъкид карданд, ки минбаъд ба фориғболиву бетаваҷҷуҳӣ роҳ надиҳанд ва аз ҳамаи имкониятҳо самарабахш истифода бурда, кишти зироатҳо, пахтаро ҳарчӣ зудтар бо сифати баланд ба сомон расонанд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. нисбати таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қатъӣ таъкид намуда, роҳбарияти АИО Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд барои ноуҳдабароии вазифаи хизматӣ аз ҷаласа ронда шуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия ба роҳбарити Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва АИО дастуру супориш доданд, ки ҳоло ҳам барои тоза намудани каналу ҷўйборҳо фурсат ҳаст, аз ин лиҳоз дар ҳамкорӣ бо сокинон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ каналу ҷӯйборҳо тоза карда шаванд. Дар асоси супориши протоколии раиси ноҳия минбаъд дар ҳудуди ҷамоатҳо агар бо нуқси роҳбарони АИО ба хоҷагиҳои деҳқонӣ зарар расад, товони талафи расонидашуда аз ҳисоби АИО пардохт мегардад. Мақсад аз супориши раиси ноҳия андешидани тадбирҳо ҷиҳати саривақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, каналу ҷўйборҳо ва бо об таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо иллати фориғболӣ ва ноуҳдабароии баъзе мутасаддиёни соҳаи таъминоти об дар мавсими обёрӣ ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳам мардуми деҳот ба мушкилиҳои зиёд рў ба рў мегарданд. Барои пешрафти корҳои саҳроӣ, тозакунии ҷӯйборҳо мебояд бо соҳибкорон ҳамкории хуб ба роҳ монда шавад, то мушкилотҳои ҷойдошта бартараф гардида, ҳалли худро ёбанд.

Имрӯз масъалаи даъвати баҳорӣ аз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аз ин рў вобаста ба ин масъала раиси ноҳия барои дуруст ташкил кардан ва ба роҳ мондани иҷрои масъалаи мазкур дар баробари масъулини соња, ҳамаи розбарони ташкилоту муассисҳо, идораҳо низ худро масъул дониста, онро ҳамчун вазифаи ҷонӣ софдилона иҷро намояд.

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷаласаи назоратиро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати таъмини босубот ва саривақтии супоришҳои гирифташуда, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо идораҳо ва дигар ашхоси масъул дастуру тавсияҳои муфид доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай