Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим (аз ҷаласаи назоратӣ)

      Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №14 ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа муовини аввал, Роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, Раисони Ҷамоатҳо, директрони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолон иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ноҳия аз шахсони масъул доири иҷрои супоришҳо ва ҳалли масъалаҳои ҷаласаи назоратии ҳафтаи гузашта пурсиш ба амал овард.

Сипас, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи апрел ҳаматарафа баррасӣ гардид ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба шахсони масъули соҳа ҷиҳати таъмини нақшаи маблағҳои андоз дастуру супориш доданд.

Масъалаи таъмини об ба хоҷагиҳои деҳқонӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва саривақтии ҷаласа қарор гирифта, раиси ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки мавсими обгирӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ наздик аст ва мутахассисонро зарур аст, ки саривақт деҳқононро ба об таъмин намоянд.

Масъалаи дигари маҷлис ин ҳолати нигоҳдошти маҳсулотҳои ғизоӣ дар Бозори марказии ноҳия, вазъи беҳдоштӣ (санитарӣ-гигенӣ) ба ҳисоб рафта, ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳолати нигоҳдошту фурӯши маҳсулоти ғизоиро мавриди санҷиш қарор дода, баҳри беҳбудии кор чораҳои саривақтӣ андешанд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа-ба охир расонидани кишти пунбадона бо сифати баланд, обёрии зироатҳои кишоварзӣ низ ҳаматарафа баррасӣ шуда, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А., ба муовини аввал, Раёсати кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул дастуру супориш доданд, ки бобати иҷроиши корҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз масъалаҳои умдаи рӯз ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои нақшаи даъват раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони мутасаддӣ, аз раиси маҳалла сар карда, то Комиссариати ҳарбӣ сахт таъкид карданд, ки корро дар ин самт хеле пурзур карда, баҳри иҷроиши нақшаи даъват тадбирҳои судбахш андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай