Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъбасти семоҳа (нишондиҳандаҳо назаррасанд)

     Сездаҳуми апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов таҳти Раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар се моҳи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласаи муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Салимзода Д., роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои семоҳаи аввали соли 2023 муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода бо маърӯза баромад кард.

Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А., аз роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ пурсишҳо ба амал оварда таҳлилҳо намуданд. Ва ҷиҳати ислоҳи камбудию норасогиҳо ба масъулин муҳлат доданд.

Баъди шунидану баррасии натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2023 қарорҳои дахлдор қабул гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай