Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

       Ҳабдаҳуми апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №14 ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия баргузор шуд. Ҷамъомад таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай сурат гирифт, дар он муовини аввал, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо ва фаъолон иштирок доштанд.

Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи апрел баррасӣ гардид ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба масъулони соҳа дастуру супориш доданд, ки бобати таъмини нақшаи андоз тадбирҳои судбахш андешанд.

Раиси ноҳия ба Имомхатиби ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба иди Саиди Фитр ( Моҳи шарифи Рамазон) дастур доданд, ки ба ин муносибат Масҷидҳоро барои гузаронидани намози ид омода намоянд. Ҳамчунин, барои ба тартиб овардану тоза намудани қабристонҳо раиси ноҳия ба Имомхатиби ноҳия ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки рӯзи чоршанбе маъракаи ободонӣ доир намуда, гирду атрофи қабристонҳоро ба тартиб оваранд.

      Тозаву озода намудани кӯчаҳои шаҳрак, пеш бурдани корҳои ободонӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати нигоҳдошти озуқаворӣ дар Бозори марказии ноҳия аз масъалаҳои муҳимми рӯз буда, дар ин бора раиси ноҳия аз масъулин пурсиши ҷиддӣ ба амал овард ва ҳамаи шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки бобати беҳбудии кор тадбирҳои судбахш андешанд.

      Масъалаҳои дигари ҷамъомад- чароғонкунии кӯчаҳои шаҳрак, тозаву озода намудани Боғи фароғатӣ- истироҳатии маркази ноҳия, парвариши пилла низ баррасӣ шуда, раиси ноҳия ба раиси Ҷамоати шаҳрак, Ҷамоатҳои деҳот, Раёсати кишоварзӣ, бахши фарҳанг дастуру супориш доданд, ки баҳри иҷроиши корҳо чораҳои судбахш андешанд.

Ҳамчунин, раиси ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки ба аризаву мактубҳои воридшуда сари вақт посух гардонанд. Масъалаи асосии ҷамъомад ин даъвати баҳории наваскарон буд, ки алҳол ин масъала дар ноҳия нигаронкунанда мебошад.

Ноҳия то имрӯз нақшаи даъватро нисф накардааст, аз ин рӯ, раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул муовини соҳавӣ, Комиссарияти Ҳарбӣ, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони гуруҳҳои корӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин нақшаи даъвати баҳориро пурра таъмин намоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай