Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи навбатии Шӯро

      Имрӯз дар бинои прокуратураи ноҳия ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор шуд. Дар кори он раиси Шӯро прокурори ноҳия, аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва дигар нафарони масъул даъват ва ширкат варзиданд. Дар ҷаласа “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба иҷрои Барномаи мазкур ёрдамчии прокурори ноҳия Одиназода Умед баромад намуда, сабабу омилҳои зиёдшавии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар соли 2022 ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021, инчунин тадбирҳо ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо дар байни ноболиғонро гуфта гузашт. Номбурда зимни баромади хеш зикр намуд, ки: “Бояд ќайд кард, ки аз тарафи прокуратураи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ” ва ғайра дар ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мунтазам гузаронида мешавад.

Аз тарафи кормандони Хадамоти огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони (ХОПХНЧ) ШВКД-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин давом бо мақсади пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят нақша-чорабиниҳо оид ба иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо ҷалб намудани шуъбаи ҳифзи ҳуқуқӣ кўдак, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, шуъбаи маориф ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳия 25-амалиёти муштарак бо номгўи “Наврас”, “Оворагард”, “Талбанда”, “Мадраса” ва “Корд” гузаронида шудааст, ки бо 105-нафар ноболиғ ва падару модарони онҳо дар ваќти гузаронидани амалиётҳои дар боло зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Гарчанде аз тарафи кормандони прокуратура ва ШВКД-и ноҳия корҳо дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ба роҳ монда шуда бошад ҳам, лекин дар ин самт камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон дод, ки мутаассифона, сол аз сол сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар ноҳия рў ба афзоиш овардааст, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки тарбияи насли наврас, кор бо ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ахлоқии онҳо вазифаи танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест.

Маҳз бо ҳамин мақсад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 таҳти №431 “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 қабул гардидааст, ки дар он вазифаю ӯҳдадориҳои зар як ташкилоту муассиса, корхона, ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, рўзномаю маҷаллаҳо, барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур ва ҳадафҳои аслии он мушахассан дарҷ гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар давоми соли 2021 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 5-ҷиноят аз тарафи 7-нафар ноболиғ, дар давоми соли 2022 аз тарафи 6 ноболиғ 11 ҷиноят ва дар давоми се моҳаи 2023 6 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки бо ҳамаи ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст”

Баъди анҷоми гузориш аз тарафи раиси Шӯро, прокурори ноҳия фаъолияти аъзоёни Шӯро мавриди таҳлил қарор гирифта, нисбати баъзе сохторҳои ноҳиявӣ оид ба камфаъолиятиашон эродҳои ҷиддӣ гирифта шуда, талаб карда шуд, ки ҳар як аъзо дар самти худ фаъолияти самаранокро ҷиҳати иҷрои талаботҳои Барномаи мазкур ба роҳ монда, дар самти паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон саҳмгузор бошад.

Дар охир таклифу пешниҳодҳо шунида шуда, доири масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай