Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

      Субҳи 29 апрели соли равон Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои қабул ва муроҷиати шаҳрвандон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сафари корӣ ташриф оварданд.

Қабул ва муроҷиати шаҳрвандон дар толори Филармонияи мардумӣ ба номи Одина Ҳошим гузаронида шуд, ки дар он 17 нафар шаҳрвандони ноҳия муроҷиат намуданд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудири шуъбаи қабул ва муроҷиати шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду серфарзанд, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ, иваз намудани симчубҳои кӯҳна, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар масъалаҳои рӯзгор муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид баъди муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву ноҳиявӣ барои иҷрои масълаҳои зикршуда супоришҳои қатъи дода, ҳамзамон оид ба дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат ба фаъолони ноҳия дастур дода шуд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда то гирифтани се чор ҳосил ва захира намудани хуроки дусола чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин ҷавононро ба роҳи рост ва расидан ба қадру қимати тинҷию амонии ватанамон ҳидоят намоянд. Бояд гуфт, ки баъд аз дастуру супоришҳои раиси вилоят он оилаҳое, ки ба кумаки молиявӣ ниёз доштанд саривақт таъмин гардиданд. Ҳамзамон ба маъюби гурӯҳи якум Шарипова Қурбонбӣ, ки дар зери нигоҳубини хоҳараш қарор дорад ва аз хурд будани хонаи истиқоматишон танқиси мекашанд бо дастури Раиси вилоят дар рӯзҳои наздиктарин дар манзили зисташон бо кӯмаки дастаҷамъи ба сохтмони хона оғоз менамоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай