Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим

 

    Имрӯз, 15 майи соли равон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси навбатии назоратии назди раиси ноҳия доир шуд ва таҳти Раёсати муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода сурат гирифт. Дар ҷаласа як силсила масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи май мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба мутасаддиёни соҳа ҷиҳати иҷроиши нақшаи андоз барои моҳи май тавсияҳои судбахш дода шуд.

Масъалаҳои гузаронидани ченаки кишти зироатҳои кишоварзӣ, пахта; нигоҳубини пилла, ҷамъоварии маблағҳои об аз тарафи АИО; об додани дарахтони арча дар ҷ/д “Қаҳрамон” ва “Меҳнатобод”, таҷлили рӯзи оила низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуда, ба муовинони соҳавии раиси ноҳия,Раёсати кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул супорида шуд, ки бобати иҷроиши корҳо чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Ҳоло рӯзҳои гарми фасли баҳор фаро расидааст, аз ин рӯ тозаву озода намудани кӯчаҳои шаҳрак, кашонидани партовҳо, об додани дарахтон аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва муовини аввали раиси ноҳия Маҳди Орифзода ба шахсони масъули соҳа баҳри амалишавии корҳо дастуру супоришҳои даркорӣ доданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҷамъбастӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар назди бинои МИҲД-и ноҳия ҳаматарафа баррасӣ шуда, ба шахсони масъул баҳри пешрафти корҳо маслиҳатҳои судманд дода шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай