Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД. НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШИНОХТИ КУРУШИ КАБИР

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо маърифати баланди миллӣ кишварро сарварӣ менамоянд, ба осори таърихиву фарҳангӣ ва забону тамаддуни куҳанбунёди мо – тоҷикони ориёитабор, арҷ мегузоранд. Гувоҳи ин асарҳои бунёдиашон дар риштаи илмию таърихӣ, аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Ҷеҳраҳои мондагор» мебошанд.

Дар асари “Чеҳраҳои мондагор” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасвири аввалин чеҳраи мондагори таърихиро аз Куруши Кабир оғоз намудаанд, ки ин шахсияти таърихӣ дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар шинохта мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои боэътимоди таърихиву бостоншиносӣ, маълумотномаи катибаҳо, муаллифи китоб собит месозанд, ки Куруши Кабир, маҳз, тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку услуб ва тартиби нави идоракунии давлат, адолатҷӯйӣ, ободгарӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф гардидааст, машҳуру номдор аст.

Воқеан, сифатҳои ҳукуматдории Пешвои миллат аз Куруши Кабир сарчашмаи таърихию ҳуқуқӣ гирифтаанд, ки чунин ҳаммонандиҳоро мо дар иқдому ташаббус ва хусусиятҳои ифтихор аз Ватану ватандориву миллатдӯстдорӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар ҳифзу ҳимояи марзу бум, пуштибонии забон, сулҳу ваҳдати мардуми Меҳан ва мисли инҳо рӯи кор омадаанд.

Ҳахоманишиён на танҳо озодии расму оин ва мазҳабу дин, балки забону расмулхати кишварҳои забтшударо пос медоштанд, ки мисоли равшани он «Катибаи Бесутун» шуда метавонад. Хатти мехӣ хатти расмии давлати Ҳахоманишӣ буда, дар асоси хатти мехии бобулӣ бо баъзе тағйироту иловаҳо падид омада, чун қадимтарин хатти ориёии аҳди қадим то замони мо омада расидааст.

Дар китоби муҳаққиқ Бароти Абдураҳмон «Куруши Кабир шоҳаншоҳи тамаддуновар» хонанда аз нахустин Эъломияи хуқуқи башар, ки онро Куруши Кабир ба тасвиб расондааст, ошно мешавад ва он сарчашма аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстиамон гирифтаву нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ, дар такя ба чунин сарчашмаҳо ва ҷонибдорӣ аз ақидаҳои илман исботшудаи муҳаққиқон корбурд намуда, шуҳрату шони Куруши Кабирро дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» нишон дода, Эъломияи Курушро, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, ҳамчун санаду мадраки таърихию ҳуқуқӣ арзёбӣ кардаанд.

Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз низомҳои пазируфташудаи императории Аҳди бостон ба шумор меравад. Куруши Кабир бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат кард.

Куруш сиёсатмадори оқил, пайрави илму ҳикмат, ростию адолат, ободонию созандагӣ буд ва ба озодии дину мазҳаб, баробарҳуқуқии халқиятҳои қаламраваш кафолат медод. Тақдири давлатдории Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон басо шабоҳат дорад, ки руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандиву ҳамоҳангиҳост.

Дар ҳақиқат, дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки дар китоби Пешвои миллат сабт шудааст, суханони охирини Куруш ба орзую омол ва ниятҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон монандӣ доранд, ки «Сулҳу оромиро ба тамоми мардум меорам»-ро ифода мекунад.

Президенти кишвар дар суханрониашон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия чунин таъкид намуда буданд: “Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамлакатҳои Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ, дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат, ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дую ним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист”.

Давлатҷон МУҲИДДИНЗОДА,

муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай