Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАҲРАМОН

       Дирӯз дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Ёқубов Т,-сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб ( намояндаи вилоят), Муҳиддинзода Д.А,- муовини раиси ноҳия , Саймуминзода А. – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия , М.Нурова . – корманди шуъбаи маорифи ноҳия , Шамсиддин С– Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия, Маҷидова Ф.- мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бо фаъолони Ҷамоат баргузор гардид. Зимни баромад иштирокчиён, андешаҳои худро оид ба масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, ки зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27.04.2023 баён намуданд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гуруҳҳои эстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, занону ҷавонон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкӯшӣ ва суиқасд ба ҷон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ва арзишҳои миллӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар ҶТ,” “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баён намуданд. Ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами рӯз низ дар вохӯри мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиён суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай