Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб бо иштироки сокинон ва фаъолони Ҷамоат мулоқоти гуруҳи таблиғотии МИҲД-и ноҳия тибқи нақшаи тасдиқшуда ва вобаста ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта, ки зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27.04.2023 баён намуданд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гуруҳҳои эстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, занону ҷавонон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкӯшӣ ва суиқасд ба ҷон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ва арзишҳои миллӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар ҶТ,” “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, доир гардид. Дар чорабинӣ Ёқубов Т,-сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб
( намояндаи вилоят), Муҳиддинзода Д.А,- муовини раиси ноҳия , Саймуминзода А. – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия , М. Нурова – корманди шуъбаи маорифи ноҳия , Шамсиддин С.- Сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Маҷидзода Ф.- мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия баромад намуда , андешаҳои хешро доири масъалаҳои дар боло зикргардида баён намуданд.
Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои дигари мубрами рӯз низ аз тарафи намояндагон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардиданд. Дар интиҳо аз тарафи иштирокчиён суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.