Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

        Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар он муовини аввал, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо иштирок доштанд.

Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июн мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба шахсони масъули соҳа барои сари вақт таъмин намудани нақшаи ҷамъоварии маблағҳои андоз дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои наздик сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Ховалинг сурат мегирад ва аҳли заҳмат ва фаъолони ноҳия ҷиҳати иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ омодагӣ бигиранд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи назоратӣ раиси ноҳия ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо ва дигар идораҳо таъкид намуданд, ки ҳисоботҳои хешро доири соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар давоми шаш моҳи соли равон омода намоянд.

То фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои ба шумор мондааст, аз ин рӯ, раиси ноҳия ба шахсони масъул муовини соҳавӣ, шуъбаи фарҳанг, супориш доданд, ки бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ сенарияи идона мураттаб намоянд.

Ҳамчунин масъалаҳои дигари ҷаласа -вусъат додани кишти такрории зироатҳо, назорати ҷиддӣ дар самт коркарди пилла, таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, рафти корҳои ободонӣ дар маркази ноҳия ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба ҳамаи шахсони мутасаддӣ ҷиҳати иҷроиши корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай