Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВАҲДАТ – БАҚОИ МИЛЛАТ

        Тибқи нақшаи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои соли 2023 рӯзи 12 июни соли 2023 дар толори маҷлиси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия вохӯрии муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ, аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, шоираи ширинкалом Хосият Вализода, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Саъбагул Вализода ва рӯзноманигор, Темуршоҳи Файзалӣ бо сокинони ноҳия дар мавзӯи “Ваҳдат –бақои миллат” баргузор гардид.

Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштироккунандагони ин вохӯрӣ, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои аҳолӣ – хизматчиёни давлатӣ, фаъолони ҷомеа, собиқадорон, аъзоёни Шӯроҳои Ҳаракати ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ дар ноҳия ва Шӯрои кӯҳансолон, роҳбарони ташкилоту муассиса, идораҳо, ташкилотҳо, ҳизбу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ, ходимони муассисаҳои динӣ буданд, муаррифӣ намуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ баромад карда, қайд намуд, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму барқарории сулҳу субот ва ободии кишвар беназир аст. Аз нахустин рӯзҳои ба маснади Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хотима бахшидан ба ҷанги бародаркӯш, ба роҳ мондани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, пайдо намудани мавқеи муносиб дар арсаи байналхалқиро дар мадди аввал гузошт, - гуфт дар идомаи суханрониашон Амиршоҳи Хатлонӣ.

Дар вохӯрӣ инчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, шоира Хосият Вализода, аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон Темуршоҳи Файзалӣ ва Саъбагул Валиева роҷеъ ба масъалаҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳувияти миллӣ, арзиши фарҳанг ва суннатҳои мардумӣ, ҳамчунин, мавзӯъҳои худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.

Шоирон Алимуҳаммад Муродӣ, Амиршоҳи Хатлонӣ ва Хосият Вализода аз шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаашон дар мавзӯъҳои сулҳ, ваҳдат, Ватану ватандӯстӣ барои иштирокдорони ҳамоиш қироат намуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай