Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мулоқот бо соҳибкорон

            Имрӯз дар толори Филармонияи мардумии Одина Ҳошим мулоқоти раиси ноҳия бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки бояд ҳамкориву робитаи МИҲД-и ноҳия бо аҳли соҳибкорон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, доири сар вақт пардохт намудани маблағҳои андоз, неруи барқ ва дигар хизматрасониҳо, пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои коргоҳу корхонаҳо, шиносоӣ бо рафти фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия , истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат суҳбати самимӣ доир шуд.

Қайд гардид, ки соҳибкорон бояд дар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия саҳмгузор бошанд ва барои сокинони ноҳия иншоотҳои маишиву фароғатӣ бунёд намоянд.

Дар интиҳо раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба диққати соҳибкорон расонид, ки ҷиҳати бунёди иншоотҳои маишию саноатӣ лоиҳаҳои худро пешниҳод намоянд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба онҳо барои дарёфти маблағҳои грантӣ дасти ёрӣ расонда мешавад.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай