Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ.

Таманиёти Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имсол мардуми сарбаланди кишвари азизамон 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки муҳимтарин дастоварди миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад, дар фазои сулҳу амонӣ ва якдилию муттаҳидӣ таҷлил менамоянд. Албатта, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ба ҳар яки мову шумо маълум аст, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ модари тоҷик даҳҳо ҳазор нафар фарзандони худро аз даст дод, ҳазорон нафар кӯдакон бепадар ва занон беҳамсару бесаробон монданд, садҳо ҳазор бинову хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо ва роҳу пулҳо харобу валангор шуда, ба иқтисоди миллӣ даҳҳо миллиард сомонӣ зиён расонида шуд.

Вале, хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол қабл дар рӯзи 27 июни соли 1997 ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилӣ гирифта шуда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шавад. Ва маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем барои аз буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем.

Ҳозирини гиромӣ!

Маҳз ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад.

Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Ва чӣ тавре шоири халқии ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Расул Ғамзатов қайд намудааст: “Инсони боҷасорату хирадманд-Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркӯшро ёбад”.

Аз ин рӯ, дар партави сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Самараи сулҳу ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагӣ дар кишвар буд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша роҳи маркази ноҳия, кӯчаву маҳаллаҳо дар деҳот таъмиру тармим ва асфалтпӯш гардида, сохтмони зиёда аз 323 иншоотҳои гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.

Дар заминаи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ, пешрафт ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардидааст. Дар пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат дар доираи чорабиниҳои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 5- моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 32 иншоотҳои таъиноташон гуногун бо таъсиси 50 ҷойи корӣ ва баҳри фароғату ҳамдилии ҷавонон марказу варзишгоҳҳо сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон дар баробари омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омили дигари рушд ин истифодаи самараноку оқилонаи обу замин мебошад. Зеро пояндагии давлат аз боло рафтани сатҳи зиндагии мардум вобастагӣ дорад. аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода намуда, таъкид карданиам, ки дар вазъияти мураккаби тағйирёбии иқлим аз обу ҳавои мусоид истифода намуда, дар заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, назди ташкилоту идора ва муассисаҳо сари вақт кишти такрорӣ гузаронида, истифодаи самараноки замин ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гуруҳҳои корӣ амал карда истодаанд ва боварӣ дорам ба онҳо ҳамкорӣ намуда, кишти такрориро дар муҳлатҳои хуби агротехникӣ ба анҷом мерасонем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ба шарофати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар заминаи чорабиниҳо бахшида ба 26-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ гурӯҳи намояндагони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳайати Амиршоҳи Хатлонӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, шоира Хосият Вализода, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Саъбагул Вализода ва рӯзноманигор, собиқадори матбуоти Тоҷикистон Темуршоҳи Файзалӣ ба ноҳияамон ташриф оварда, бо зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия аз дастовардҳои истиқлоли миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ дар ҷомеа суҳбату вохӯриҳои судманд гузарониданд. Ҷашнҳои бузурги Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳама якҷо бо меҳнати содиқонаву якдилона аз хонаву дар, ҳавлию кӯча, маҳаллаву деҳот сар карда, ҳама гӯшаву канори ноҳияамонро бояд ободу зебо гардонем, то ин ҷашни муқаддасро сазовор истиқбол намоем.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, ки “Модоме, ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.

Бо ҳамин нияту орзуҳои нек итминони комил дорам, ки ҳар як фарди бонангу баномус ва шахсони саховатпеша дар ободию шукуфоӣ ва пешрафти ноҳия саҳми беандозаи худро мегузоранд.

Ба ҳамаи Шумо бахту саодат, хонаи обод, тинҷию оромӣ, хушбахтию сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай