Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

     Имрӯз дар ҳошияи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи фарҳангии ноҳия чорабинии тантанавӣ ва пуршукӯҳе дар фазои идона доир гардид. Дар ин ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам МирзозодаНуруллоАбдулҳай, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳияӣ, аҳли зиё ва собиқадорон ширкат доштанд. Чорабиниро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А., бо маърӯзаи пурмӯҳтаво ва таъсирбахше оғоз намуда, аз таҷрибаи нодири сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, эътибори миллати моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати фарҳангӣ хеле боло бурданд. Саъю талоши пайваста дар ин роҳ имкон дод, ки фазои ороми Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки фарзандон таъмин гашта, Тоҷикистони азизи мо ба кулли ҷаҳониён бо чеҳраи нави мутамаддин муаррифӣ шуда, сулҳу суботи тоҷикон барои дигар кишварҳои ҷаҳон дарси ибрат гардид-таъкид доштанд дар идомаи суханронии хеш муҳтарам МирзозодаН.А.,.

       Раиси ноҳия бо истифода аз фурсати муносиб ва руҳияи идона тамоми иштирокдорони чорабнӣ ва дар шахсияти онҳо кулли мардуми ноҳияро ба ин санаи фархундаву беназири тоҷикон-Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда ба Тоҷикистони азиз осмони софу беғубор ва суботу амнияти ҳамешагиро таманно намуданд. Дар идомаи ҳамоиши идона ба фаъолон барои ҳамкориҳои шоиста бо аҳли чамоатчигӣ, бедорсохтани ҳиссаси миллатдӯстӣ тӯҳфаҳои пулӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуд. Қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки бисёр дар сатҳи баланд доир гардид, барои дар хотираҳо нақш гузоштани ҷашни имсолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъсиргузорӣ намуд. Сурудҳои тараннумгари сулҳу ваҳдат ва иттиҳоду озодии Тоҷикистони азиз дар иҷрои сарояндаҳои шинохтаи бахши фарҳанги ноҳия танинадоз гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай