Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аёдати сарбозону афсарон

          Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай имрӯз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аёдати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳия баргузор шуд. Мавриди қайд аст, ки дар арафаи ҳар ҷашнҳову идҳои миллӣ қисмҳои ҳарбии дар ноҳия мустақар буда, аёдат карда шуда, кӯмакҳои моддию молиявӣ расонда мешавад. Ин навбат ба сарбозону афсарон анвои хурока ва тӯҳфаҳои молию пулӣ тақдим шуд. Зимни сӯҳбат муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳиддинзода ба сарбозону афсарон табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳайро расонда, ба онҳо хизмати содиқонаю софдилона таманно намуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай