Дар кори он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Хатлон, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки вилоят Абдуллозода Хатича иштирок ва суханронӣ намуд.
Иҷлосия аз масъалаҳои зерин иборат буд
1.Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаҳои таълимии ноҳия .
2.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба энергетика,саноат,шаҳрсозӣ,коммуникатсия ва нақлиёт,дар бораи ҳолати иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 марти соли 2021,№138 “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 31 декабри соли 2020,№1201 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12.08.2020,№221 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2020,№293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2025 “ дар ноҳия.”
3. Ҳисоботи сардори Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба рафти иҷрои Дурнамои кишти зироатҳо дар соли 2023 .
4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия , даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии №17 Гадоев Исмоил.
5. Дар бораи даровардани тағйирот ба Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои соли 2023.
6. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳавзаи интихоботии Чубек №9, Меҳнатобод №25, Турдиев №37 ва таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои зикргардида.
7. Дар бораи ташкили комиссияи ноҳияи интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Чубек №9, Меҳнатобод №25 ва Турдиев №37.
8. Масъалаҳои ҷорӣ
.jpg)
.jpg)