Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳимми рўз (аз ҷамъомади назди раиси ноҳия)

      Имрўз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷараён гирифт, як силсила масъалаҳои муҳимми рўз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июл мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба масъулини бахш таъкид намуд, ки баҳри таъмини иҷроиши ҷамъоварии маблағҳои андоз чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло дар саросари ҷумҳурӣ авҷи корҳои саҳроӣ мебошад. Ва дар мадди аввал обёрии зироатҳои кишоварзӣ меистад. Ба ин масъала раиси ноҳия махсус дахл карда, ба шахсони масъули бахши обтаъминкунӣ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ чораандешӣ намоянд.

Дигар масъалаҳои ҷаласа – саривақт ҷамъбаст намудани ҳисоботҳои нимсола дар ҳама соҳаҳо; кам кардани бақияпулиҳои андоз, қарзи барқ, об додани дарахтони шоҳроҳи ноҳия, тоза кардани шоҳроҳ аз хору хас, назорати ҷиддии лоиҳаҳои амалишаванда дар ноҳия, рафти амалишавии барномаҳои соҳавӣ ва иҷроиши онҳо дар шашмоҳа низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати иҷроиши корҳо раиси ноҳия ба шахсони масъул – муовинони соҳавӣ, Раёсати кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳо дастуру маслиҳатҳои судбахш доданд.

Доири омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ, таъмири мактабҳо аз ҳисоби АВО-и муассиса, бастани шартнома бо корхонаҳои дўзандагӣ барои дўхтани сару либоси мактабӣ, баргузории рўзҳои фарҳангии ноҳия дар пойтахти кишвар (30 июли соли равон), ки аз масъалаҳои дигари ҷамъомади назоратӣ буданд, раиси ноҳия аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда, бобати амалишавии корҳо ва ҳалли масъалаҳо дастуру тавсияҳои судбахш доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай