Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Таҷлили Рӯзи маъюбон

        Дар асоси дастуру супоришҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-июл Рӯзи маъюбон таҷлил мегардад. Бо ин мақсад имрӯз дар толори МТМУ рақами 52-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон баргузор гардид. Мавриди қайд аст, ки дар даромадгоҳи муассиса намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии Ташкилоти Ҷамъиятии "Равонбахш"-и ноҳия, ки ҳунари дасти маъюбон мебошад, пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай зимни боздид аз намоиши ҳунарҳои Ташкилоти мазкур ба тарзи дӯхт ва истеҳсоли онҳо баҳои баланд доданд. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур муовини соҳавӣ Ҳусния Исҳоқӣ сарпарасти соҳа, мутахассисони бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия иштирок ва саҳми худро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани он гузоштанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба маъюбону барҷомондагон хуроки яквақтаина ва тӯҳфаҳои молию пулӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш зикр намуданд, ки; қайд кардан ба маврид аст, ки кӯшишҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва шарикони рушд на танҳо ба расонидани кӯмак, дастгирӣ ва пешниҳоди имтиёзҳои гуногун, балки ба ҳамгироии одамони маъюб ба ҷомеа нигаронида шудаанд.

Дар интиҳо таклифу пешниҳодҳо аз тарафи маъюбони Ташкилоти ҷамъиятӣ "Равонбахш" ба раиси ноҳия ироа гардид, ки қобили қабул дониста шуданд. Ҳамчунин, изҳори миннатдории маъюбон ба роҳбарияти олии мамлакат, раиси вилоят ва раиси ноҳия баҳри кӯмаку дастгириҳои пайвастаашон карда шуд. Дар қисмати охири чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ баҳри истироҳату фароғати маъюбон баргузор гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай