Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа баргузор гардид.

      Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони соҳавӣ, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони ҷамоатҳо иштирок карданд.

Дар маҷлис ҳисоботи муовини раиси ноҳия А.Бодомзода “Оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023” шунида шуд.

Сипас, баъди ҳисобот аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. аз масъулини соҳаҳои андоз, кишоварзӣ, бонкҳо, барқ, тандурустӣ, маориф, озуқаворӣ, КАТС, Беморхонаи марказӣ ва раисони ҷамоатҳо пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда, баҳри рафъи камбудию норасоиҳо дар фаъолияти соҳаҳо дастуру супориш ва тавсияҳои судманд дода шуд.

Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Латифзода Анвар, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сайдализода Ҷӯрахон иштирок доштанд.

Аз рўи ҳисобот ва баромадҳо ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи соҳаҳои иќтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия қарори дахлдор қабул намуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай