Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Барқарор намудани нуқтаҳои радиошунавонӣ

        Дар асоси дастуру супоришҳои судманди раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ноҳия нуқтаҳои радиошунвонӣ аз сар фаъол гардиданд. Мавриди қайд аст, ки имрӯз дар ҳудуди ноҳия 45-нуқтаи радиошунавонӣ фаъол гардида, пахши барномаҳои радиои Тоҷикистон ҳамарӯза ба самъи сокинон расонида мешавад. Ин иқдом метавонад ҳисси баланди ватандӯстии сокинон, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти комили кишварро бори дигар дар ниҳоди ҳар як сокини ноҳия бедор созад. Нуқтаҳо радиошунавонӣ, ки дар биноҳои Ҷамоат ва муассисаҳои таълимии ноҳия насб гардидаанд, ҳамарӯза кору фаъолият намуда, раванди фаъолияти онҳо зери назорати бевоситаи муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳиддинзода қарор дорад.

        Мавриди зикр аст, ки масъулини ин нуқтаҳо ҳамарӯза аз фаъолияти кори худ маълумот дода, вазъро мудом ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷараён мегузоранд. Яке аз нуқтаҳои фаъоли радиошунавонӣ дар назди муҷассамаи И.Сомонӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, дар бинои маъмурии Телеком ва назди заводи "Боҳам" қарор дошта, бо пахши барномаҳои ҷолиб ва реҷаи муайян ба сокинон ғизоӣ маънавӣ мебахшад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай