Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъбасти озмун

Чанд рӯз қабл дар ноҳия озмуни вилоятӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин хонаи истиқоматӣ, маҳалли аҳолинишин, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳр ҷамъбаст гардид.

Ҷамъбасти озмун ғолибонро муайян намуд.

Аз рӯйи номинатсияи хонаи истиқоматии беҳтарин ҷойҳои 1,2 ва 3-юм насиби Умаралиев Мирзоалӣ- сокини кӯчаи ба номи С. Турдиеви шаҳрак, Одинаев Назримад- сокини деҳаи Сайёди Ҷ/д ба номи Турдиев, Ҷумахонов Хоксор- сокини деҳаи Меҳрвари деҳоти Чубек гардид.

Дар номинатсияҳои маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафурови шаҳрак, Исмоили Сомонии шаҳрак, ба номи Синои шаҳрак; деҳаи беҳтарин- деҳаи Пушкини Ҷ/д Қаҳрамон, Гулободи Ҷ/д Меҳнатобод, Тудабоёни Ҷ/д Чубек; деҳоти беҳтарин- Ҷ/д Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Чубек сазовори ҷойҳои ифтихории 1-ум, 2- юм ва 3- юм гардиданд.

Ба ғолибони Озмун Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд супорида шуд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай