Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раис)

      Дар таърихи 17 июли соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай маҷлиси кории назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар ҷаласа муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо иштирок карданд.

Нахуст, дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо шунида шуда, барои иҷроиши корҳо раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳамаи роҳбаронро вазифадор намуд.

Баъдан , масъалаи умдаи рӯз – ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июл мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия ба шахсони масъули соҳа супоришу тавсия доданд, ки иҷрои нақшаи андозро то охири моҳ ба иҷро расонанд.

Масъалаи дигари ҷаласа- баргузории рӯзҳои фарҳангии ноҳия дар пойтахти мамлакат ҳаматарафа дида баромада шуда, раиси ноҳия ба шахсони масъул дастуру супориш доданд, ки чорабинии мазкур бо омодагии ҷиддӣ ва иштироки фаъолона баргузор гардад.

       Масъалаҳои дигари ҷаласа- обунашавӣ ба рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ”, нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ”, захираи маводи озуқаворӣ, назоратии ҷиддӣ бобати иҷрои Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ноҳия, вазъи ҳолати санитарии ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, доири даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, алалхусус, фаро гирифтани ҷавонон ба курсҳои омӯзишии ронандагӣ ва дигар ҳунарҳо, кишти такрории зироатҳо, тозаву озода нигоҳ доштани маркази ноҳия, доир намудани ҳашарҳои ноҳиявӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонӣ ҳам мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъулро вазифадор карданд, ки бобати иҷроиши корҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай