Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории даври ноҳиявии Фестивал –Озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ “Андалеб -2023”

      Имрӯз дар толори консертии Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим даври ноҳиявии Фестивал- Озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ “Андалеб -2023” баргузор гардид.

Нахуст , дар роҳрави Филармония намоиши ҳунарҳои бадеии халқии “Бозори ҳунар”-доир гардид, ки он ба аъзои ҳакамон мақбул гардид.

Баъдан , барномаи ҳунарии ҳунармандони ноҳия манзури тамошобинону ҳакамон гардонида шуд.

Қобили қайд аст, ки ҳамаи номераҳои омоданамудаи ҳунармандони Филармонияи мардумӣ- суруди ҳамсароён ( аккапела) “Чархофалак” ( яккахон Бадалшоҳи Юсуфӣ), навозиши умумӣ “ Сайри гулзор” ( оҳанги А. Раҳимов), навозиши якка” “Садои дил” ( иҷрокунанда Юсуфов Ёқуб”), суруди якка “ меҳри Ватан” ( иҷрокунанда Шуҳрат Қурбонов), суруди анъанавӣ “ Фалак” ( иҷрокунанда Хусрав Ҳабибов), рақси якка “Чевари гулдӯз” ( дар иҷрои Моҳлиқоби Акбарзода ), бадеҳаи “Ватан обод кунем” ( шеъри Ислом Юсуфӣ, иҷрокунандагон Ҷумъахони Сафарзод ва Комила Фақирова), порча аз анъанаҳои мардумӣ “Ордбезон” ( гуруҳи ҳунармандон), саҳнаи ҳаҷвӣ “Облава”, намоиши сару либосҳои миллӣ, сюитаи вокалӣ- хореографии

“ Маъвои армон” басо ҳунармандона иҷро гардида, писанди ҳамагон гардиданд.

Дар ҷамъбаст, ба маҳоратӣ волои аҳли ҳунари Филармонияи мардумӣ аъзои ҳакамон аз ш.Кӯлоб 117,5 холро муносиб донистанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай