Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Омодагиҳо ба давраи тирамоҳу замистон

     Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди навбатии замистонгузаронӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор баргузор гардид. Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 28.04.2023, №88  ва қарори раиси ноҳия аз 23.05.2023, № 512 "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва ичтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу замистони солҳои 2023-2024" зери роҳбарии муовини раиси ноҳия, Сардори ситоди зимистонгузаронӣ Бодомзода С.К., ситоди навбати баргузор гардид. Дар кори он Сафаров Мансурҷон мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия- муовини сардори ситоди қарори мазкур баромад намуда, қайд намуданд, ки дар марҳиллаи аввал корро тибқи бандҳои дахлдори қарори мазкур ба роҳ монда дар асоси нақша чорабиниҳои қарори зикршуда фаъолияти аъзоени ситоди замистонгузарони ба роҳ монда шавад. 

         Дар рафти баромади муовини сардори ситод аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳои иштирокдошта корҳои иҷрошуда  оид ба қарори раиси ноҳия  пурсон гардида, таъкид доштанд шакли дуруст ва саҳеҳи ҳисоботҳо ҳам ба вилоят ва ҳам ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод карда швад.Ҳамчунин, номбурда оид ба баъзе камбудию норасогиҳо дар раванди ҳуҷҷатгузорӣ яъне, шакли дурусти пешниҳоди ҳисоботҳо дар ин давра ёдворшуда ба иштиркчиён маслиҳатҳои муфид доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай