Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мулоқот бо соҳибкорон

          Рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Сулаймонзода Акрам бо соҳибкорони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ мулоқот орост. Дар мулоқот раиси ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва як гуруҳ роҳбарону намояндагони сохторҳои Бонки миллӣ, КВД "Амонатбонк", "Саноатсодиротбонк", Раёсати андоз ва Сарраёсати оморӣ вилоят ширкат доштанд.

Муҳтарам Сулаймонзода Акрам қайд карданд, ки бояд соҳибкорони маҳаллӣ бо дастгирии бонкҳо ба ифтихори 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмону бунёди иншоотҳои гуногун саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, муовини раиси вилоят доири Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22.06.2023 №568 аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ муфассал гуфта гузашт ва ба роҳбарони бонкҳо ва кормандони онҳо таъкид кард, ки ҷиҳати амалишавии фармони мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай