Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

        Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар он як силсила масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст, ҳисоботи сардори шабакаҳои барқи ноҳия шунида шуд ва бобати ислоҳи камбудиву норасоиҳои идораи барқ,ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи қувваи барқ, кам кардани талафоти қувваи барқ, ивази симчӯбҳо тавсияҳои судманд дода шуд.

Баъдан, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи июл мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия ба масъулини соҳа сахт таъкид намуд, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар муҳлати кӯтоҳтарин таъмин карда шавад.

Сипас, масъалаҳои дигари ҷаласа- пешниҳоди ҳисоботҳои соҳаи кишоварзӣ, омор ва дигар соҳаҳо дар давоми 7 моҳи соли равон; бунёди корхонаҳои саноатӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар самти иншоотҳои ҷашнӣ, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус, кишти картошка, назорати маҷрои дарёи Панҷ, гармшавии ҳаво; таъмини оби полезӣ, оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, ба роҳ мондани корҳо дар байни аҳолӣ ҷиҳати пардохти ҳаққи об, андоз ва дигар хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ, назорати ҳолати санитарию беҳдоштӣ дар Бозори марказӣ ҳаматарафа мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия шахсони масъулро вазифадор намуданд, ки баҳри амалишавии корҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Доири обунашавӣ ба рӯзномаҳои ноҳиявию ҳизбӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, яъне фаро гирифтани онҳо ба курсҳои омӯзишӣ раиси ноҳия ба шахсони мутасаддӣ бобати иҷроиши корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай