Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Ҳамадонӣ дар Душанбешаҳр

Рӯзи якшанбеи охири моҳи июл” Боғи Ирам”-и пойтахти ҷумҳурии азизамон- Душанбешаҳр намуди идона ба бар дошт. Шурўъ аз даромадгоҳи боғ Парчамҳову шиору навиштаҷот ва овезаҳои гуногун ба чашм мерасиданд..

Имрӯз дар ин макони зебо сокинони ноҳияи овозадори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабии худро манзури сокинони Душанбешаҳр гардониданд.

Дар даромадгоҳи боғ меҳмононро гулдухтарони чаканпӯши ноҳия бо нону намак ва бо шеъру гулдастаҳо хайрамақдам гуфтанд. Сипас , меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ( чакандӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, заргарӣ, муҳрабофӣ, шерозбофӣ, бофандагӣ, табақтарошӣ, дуредгарӣ, сабатбофӣ, чӯбтарошӣ, оҳангарӣ, чармдӯзӣ, гилембофӣ) ва дигар маҳсулоти саноатӣ дидан намуданд.

Дар як тарафи боғ занони доиразан бо чеҳраҳои хандон ва гулдухтарон бо либосҳои миллӣ рақсу хурсандӣ доштанд. Маҳсулотҳои омода намудаи бонувон диққати бинандагонро ба худ мекашид.

Варзишгарони номдори ноҳия бошанд, намудҳои гуногуни бозиҳои варзиширо намоиш доданд.

Дар як гӯшаи хонаи барои арӯсу домод омоданамуда ва бо ҷиҳозҳои арўсӣ муљањњазгардида, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.

Барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳия дар сатҳи баланд манзури меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай