Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ РАИСИ НОҲИЯ

        Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати раиси ноҳия сурат гирифт ва дар он муовини аввал, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони Раёсатҳо, ташкилоту муассиса, идора ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад як қатор масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи август баррасӣ шуда, раис шахсони масъули соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмини нақшаи ҷамъоварии андоз тадбирҳои судбахш андешанд.

Раиси ноҳия ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи назоратӣ таъкид намуданд, ки дар нишасти матбуотӣ фаъолона иштирок намоянд ва вобаста ба соҳаи худ ба пурсишҳои рӯзноманигорон аз ВАО-и кишвар посух диҳанд.

Доири масъалаҳои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус, картошка ва кишти зироатҳо дар заминҳои шафати шоҳроҳ; назорати иҷроиши Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳудуди ноҳия низ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай аз шахсони масъули соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, иҷроиши масъалаҳо чораандешӣ намоянд.

Масъалаҳои дигари муҳими ҷаласа ин ҷалби ҷавонон ба курси омӯзиши назди ТҶММ-и ноҳия ва рафти обунашавӣ ба нашрияҳои ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” ва ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ” буд ва раиси ноҳия аз масъулини соҳаҳо оиди амалишавии корҳо пурсиш ба амал оварда, ба шахсони масъули соҳа дастуру супоришҳо доданд, ки масъалаҳои мазкур дар рӯзҳои наздиктарин амалӣ карда шаванд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай