Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Нишасти матбуотӣ

       Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорону хабарнигорони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ,вилоятӣ, минтақавӣ, ҷамъиятӣ, хусусӣ, радио ва телевизионҳои минтақавӣ, вилоятиву давлатӣ баргузор гардид. Дар нишаст раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва раисони ҷамаотҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Раиси ноҳия доири бурду бохти аҳли заҳмати ноҳия дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ муфассал маълумот дод ва зикр кард, ки пешравиҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ноҳия назаррасанд. Сипас аз ҷониби рӯзноманигорону хабарнигорони расонаҳо саволу ҷавобҳо сурат гирифта, посухҳои судманд гирифтанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай