Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қуръапартоӣ

       Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҷалби ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ таҳия гардида, чандрӯз боз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотӣ идома доранд. Бояд кайд намуд, ки омодагиҳо барои даъвати тирамоҳии ҷавонон дар ноҳия дар сатҳи хуб қарор дошта, то имрӯз 54 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ таҳсил дошта, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад қариб аз иҷрои нақшаи худ баромадаанд. Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Даштигуло бо иштироки муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода, раиси ҷамоат, намояндагони сохторҳои дахлдор ва раисони маҳаллаю фаъолони ҷамоат қуръапартоӣ сурат гирифт. Мавриди зикр аст, ки ин усул дар баъзан шаҳру навоҳии вилоят корбарӣ мегардад, ки воситаест барои шаффофу одилона сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат менамояд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай