Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИСТИҚЛОЛИЯТ –НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

        Яке аз рукнҳои муҳимми бунёди давлат истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, ки ин неъмати бебаҳо на ба ҳамаи миллатҳо муяссар мегард. Ва хушбахтона, халқу миллати тоҷик аз ин неъмати нодир баҳравар гардид. Инак, имрӯз мо дар арафаи таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор дорем.

Дар воқеъ, роҳи сулҳ ва таъмини ваҳдату ягонагӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар он даврон росту ҳамвор набуд. Ин мубориза ва фаъолияти хастанопазири Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои ҳаракату ҷонфидоиёна барои тинҷию оромӣ ва баргардонидани фирориён аз хоки Афғонистон ва сарҷамъ намудани онҳо, барқарорсозии хоҷагии халқ ва рушду тараққӣ додани кишвар, санъату маҳорати сарварии ҳукумат аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи созандагӣ ва ободкории кишвар дар бар мегирад. Ба роҳи тайкардаи 32 - солаи давраи истиқлолият назар андухта, имрўз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар ин давра дар ҳаёти халқ ва мамлакати мо дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Ин пеш аз ҳама тавассути ваҳдату ягонагии мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд.

Яке аз иқдомҳои сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, ин муайян намудан ва эълони ғояи миллии давлатии Тоҷикистон аст. Соли 1999 баъди таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён ва қомат афрохтани муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон –Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии пойтахт ба мардум муаррифии доҳии тоҷикон дигар ҳоҷат намонд. Ҳама огаҳӣ ёфтанд, ки рамзи ғояи миллӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол шахсияти бузурги таърихӣ-Исмоили Сомонӣ хоҳад буда, ин касро водор месозад, ки ба қадри Модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ - Парчам, Суруди миллӣ ва Нишон, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад.

Ба Президенти кишвар, Пешвои миллат хислати хоксорию олиҳимматӣ ва ҷавонмардӣ хос аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи ХV1-и Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба пешрафту ободӣ расидани мамлакатро хидмати халқи заҳматкаши тоҷик унвон карда, зимнан иброз доштанд: “Маҳз бо дастгирии мардуми кишварва ваҳдату сарҷамъии миллат минбаъд ба мо муяссар нашт, ки таҳкурсии ободиву пешрафти минбаъдаи кишварро гузорем. Манзури ман, дар навбати аввал, таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва амсоли онҳо мебошад.

Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори омӯзишу таҳқиқ ва пажӯҳиши бавусъату доманадор буда, дар назди халқу миллат ва ватан ҷиҳати эҳёи давлати навини тоҷикон, эҳёи миллӣ ва фарҳангӣ, таъмини сулҳу суббот дар кишвар, ваҳдат, осудагию ободии кишвар беназир буда, арзандаи таърифу тавсия аст. Охир танҳо ӯ тавонист ва ҷуръат кард, ки дар лаҳзаҳои вазнинтарини ҳаёти миллату кишвар зимоми роҳбарӣ ва саробонии халқу миллати азизи худро ба зимма гиред. Танҳо ӯ тавонист ҷонашро ба хатар гузошта, роҳи сулҳу оштиро ёбад ва халқу миллатро аз парокандагиву гуруснагӣ наҷот диҳад. Танҳо ӯ тавонист бо ҷасорати хоси худ, хислатҳои накў ва шоистааш дар дилу дидаи мардум маъво гирад. Аз ин лиҳоз, тавре дар яке аз нигоштаҳои худ, қайд карда будам, месазад дар кишварамон Маркази омӯзиши хидматҳо ва таҷрибаи бойи роҳбарӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллат таъсис дода шуда, дар меҳвари он ғояи Ватан ва нақши шахсият дар ҷойгоҳи олӣ қарор дода шавад. Ин тақозои айём аст.

Мардуми саодатманду меҳнатқарини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои ободу озод, аз ин сарзамини биҳиштосо, аз ин неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша менамоянд.

Давлатҷон Муҳуддинзода- Аълочиии маориф, фарҳанг, матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ҚС КДАМ, дараҷаи 1,2, Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай