Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мулоқоти судманд бо сокинон

 

       Дар асоси дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар ҳама самтҳо вохӯрию мулоқотҳои таъсирбахш идома дошта, ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқолили давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гузаронида шуда истодааст. Ин навбат дар масҷиди панҷвақтаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо иштироки муовини раиси ноҳия Давлатҷон Муҳуддинзода бо намозгузорони деҳа мулоқоти судманд доир шуд. Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ва даъват ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ доир шуд. То имрӯз аз деҳаи мазкур 4 нафар ҷавонони ватандӯсту ватанхоҳ ба курсҳои ронандагӣ ихтиёран ҷалб гардида таҳсил доранд. Дар назар аст, ки боз ду нафар ҷавони дигар ба хотири хизмат дар сафи артиши миллӣ ба курси ронандагӣ даъват шаванд. Дар интиҳо сокинон дархосту солҳои хешро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай