Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

 

Солҳои охир доири афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти  номатлубу хатарзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Имрӯз терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб, хавфноку хатаровар сайёраро ба ташвиш овардааст.

Қабл аз он, ки дар бораи амалҳои террористие, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Ватани маҳбубамон  аз ҷониби “ватандорони  беватан” дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон ба вуҷуд оварда шуданд, ҳарф гӯем,   аввалан бояд донист, ки  мафҳуми “экстремизм чист ва он чї гуна падида аст?”

     Экстремизм аз калимаи фаронсавии «extremisme» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгарої, тундравї, фикру андеша ва амали тундравона, аз андоза гузаштан аст. Экстремист бошад, шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Ин амал метавонад дар тамоми соҳаҳои инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён оянд. Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнаангезию тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.  Таҷриба ва мушоҳидаҳо исботи онанд, ки ин гурӯҳҳои ифротгаро барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои нопоки худ ба ҳама гуна амалҳои зишту ғайриинсонӣ, аз қабили куштору ғоратгарӣ, фалаҷ сохтани иқтисодиёт, одамрабоӣ, хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд. Ва муҳимтар аз ҳама  дар ин амалҳои нопоки худ аз номи дину мазҳаб ва қавму миллат сӯиистифода  намуда, ба номи поки ислом иснод меоранд. Вале дар асл, ягон дину оин ва қавму миллат, аз ҷумла ислом тарафдори он нест, ки мардуми осоишта ҳангоми анҷоми маросими ибодатӣ  ҳадаф қарор дода шаваду марказҳои оммавиро тарконанд. Баръакс, инсоният, новобаста аз дину мазҳаб, зидди чунин амалҳо буда, онро маҳкум мекунанд.

     Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатї, густариши Ваҳдати миллӣ, оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ин ҳадафҳои зарур ва тақдирсози ҷомеа ниҳоят бузург буда, ҳар яки моро зарур аст, ки ин арзишҳоро дастгирӣ намоем ва дар татбиқи онҳо ҳиссагузор бошем.

             Барои ҳифзи неъмати муттаҳидсоз, яъне сулҳу оштӣ ва ваҳдати  миллӣ  вақти зиёде нагузаштааст.     Ва мо ҳама хуб медонем, дар сар задани ин ҳама хунрезиҳо, ки ҳазорон мардуми тоҷикро берун аз хонаву дар намуда, ҳазорҳо навҷавонон, падарону модарон ва тифлакон аз дунёи равшан маҳрум гардиданд, дасти кӣ буд.

Ба ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол нигоҳ накарда, баъзе аз хоинони Ватан, зархаридони хориҷӣ  чун Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шавкати Муҳаммадӣ, Ҳусейн Ашӯров бо кўмаки  хоҷагони  хориҷии худ бо истифода аз заифиву гумроҳии баъзе ҷавонон  мақсади  ноором сохтани  авзои кишвари осоиштаамонро  доранд .  Ин бадхоҳони миллат бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнок ва  хатарнок  ғояҳои экстремистиро  таблиғ карда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонони сустирода  афзун кардан хоста, барои даъвату ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба ғояҳои тундгароӣ гумроҳ  месозанд.

Ин нуктаро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 декабри соли 2022 баён намуданд.

Ҳарчанд аз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри пор муддати чанд гузашта бошад ҳам, он аз ёду хотири насли калонсол  то њол зудуда нашудааст. Инчунин, ҳодисаи соли 2015 аз тарафи зархарид – Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ҳодисаи нангину гӯшношуниди куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ, ки 29-уми июни соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст ва ахиран ҳодисаҳои соли 2022 – и дар як гӯшаи биҳиштосои мо -  шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз ҷониби як гурӯҳ  ҷавонони гумроҳу ноогоҳ ба вуқӯъ омада,  далели ин гуфтаҳои болоанд.

 Ва яқин  медонем, ки  дар  ташкили ин ҳодисаву гирдиҳамоиҳо ва ба ин васила ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакатамон хоинони Ватан  бо роҳбарии  Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ҳизби мамнӯъи назҳат ва муовини раиси  Паймони миллии Тоҷикистон Шерзода Алим  дар ҳамкорӣ  бо ҳамтоҳову  хоҷагони хориҷии худ даст доранд.   Ин ободиҳои кишварро дида, аз рашку ҳасад ва ҳисси бахилӣ  месӯзанд ва  аз хориҷи кишвар санги маломат ба сари Роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон  ва ҳамватанонамон мезананд.  Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ  ҳар рӯз гапу суханҳои дурўғ гуфта, бо шиорҳои фиребову зебо мардум, хусусан ҷавононро гумроҳ кардан мехоҳанд. Бо фазлфурӯшӣ мехоҳанд нишон диҳанд, ки  гӯё онҳо ҳама чизро медонанду мефаҳманд ва мушкилкушои ҳамаи муаммоҳоянд.

Шоири ширинкаломи мо, барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсуддин Шоҳин, устод Алимуҳаммад  Муродӣ  дар шеъри худ бо номи  “Эй ҳамватан” барҳақ мегўяд ва ҳушдор ҳам медињад:

                                  

Душман чӣ мекорад?

Низо!

Моро чӣ месозад?

Ҷудо!

Кишташ чӣ бор орад?

Бало,

Эй ҳамватан, бедор бош.

 

Ў дўстрў, ту дўстҷў,

Ў ҳилладон, ту содахў,

Фанд аст дар ҳар  қанди ў,

Эй ҳамватан, бедор бош.

 

Гаҳ ёру ёвар мешавад,

Гоҳе бародар мешавад,

Мор аст, аждар мешавад,

Эй ҳамватан , бедор бош...

 

 Мо мутмаинем, ки ҷавонони хушбахту соҳибсаодати мо фирефтаи ваъдаҳои пучи хоҷагони дохиливу хориҷӣ нашуда,  зиракӣ  ва ҳушёрии сиёсиро аз даст   намедиҳанд.  Онҳо манфиати миллату Ватани хешро аз ҳама чиз боло   мегузоранд, чунки дар олам аз Ватан ва Ваҳдату якпорчагии он дида, волотару болотар  ва арзишмандтар чизи дигаре вуҷуд надорад.

Имрӯз, ки номи пурифтихори соҳибватанро ба худ касб намудаем,  ба имрӯзу фардои Ватанамон набояд  бетараф бошем,  миллати хешро сидқан дӯст дорем. Бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдатамон Ватани маҳбуби ободамонро боз ҳам зеботару ободтар гардонем ва ба гуфти  адиби шинохтаи Бадахшон Лаълҷубаи Мирзоҳасан:

Ба ин афсонакишвар ҳар замона шукрона бояд кард,

Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.

Куҷо, эй ҳамватан бошем, ба вақти субҳгоҳ,  ки  шом,

Ба  ободии мулки тоҷикон шукрона бояд кард.

     Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати байналмилалӣ бо мавқеи оштинопазир алайҳи ҳамагуна хатарҳо, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ мақоми шоиста касб намудааст.

     Терроризм ва экстремизм ҳамчун  зуҳуроти номатлуб вабои аср ном бурда шуда,  он,  ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дину мазҳаб надорад. Ватан надораду дар тинати ин гурӯҳ  шаъну шараф ва ягон зарраи нангу номуси инсонӣ  дида намешавад. Сарчашмаи ин разилату ҷоҳилӣ, бераҳмӣ ва фитнаҳои ин турфа афроди тарбиянадида, муфтхӯрӣ, ҷаҳолату танбалӣ, инсонбадбинӣ,  чизпарастӣ, беимонӣ ва дигар зуҳуроти нафратовари маънавию ахлоқӣ аст.

     Ва ин ҳама бори дигар моро водору ҳушдор месозад,  ки зиракии сиёсиро аз даст надода, атрофи Пешвои маҳбуби миллат боз ҳам зичтар муттаҳид  шавем,  аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дастгириву пуштибонӣ намоем ва арзишмандтарин неъмату ганҷи бебаҳо-Истиқлоли ба даст овардаамонро ҳифз намоем.

     Бошад, ки муқовимат ва мубориза барои решакан намудани терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб шиори зиндагӣ, кори виҷдон, шараф ва нангу номуси ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳ, ватанпарасту инсондӯст гардад.

 

 

Давлатҷон Муҳуддинзода,

Аълочиии маориф, фарҳанг, матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии ҚС КДАМ, дараҷаи 1,2, Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

 

 

      

    

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                             

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай