Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Шукўҳи тантанаҳои 32 - солагии Истиқлол дар н.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

        Дирӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили 32 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ноҳия ва дигар шахсони расмӣ даъват ва иштирок намуданд.

Нахуст, табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба ин рўзи фирўзу муқаддас 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори КВД "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон муҳтарам Комили Мирзоалӣ тамоми иштирокичиён ва сокинони ноҳияро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак бод намуда, таманнои озодию хушбахтии онҳоро намуданд.

Номбурдагон зимни баромади худ аз ҷумла қайд доштанд, ки дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолӣ давлати тозаистиқлоли мо ба кашмакашиҳои сиёсии дохилӣ рўбарў гардида, хатари парокандагии миллат ва пора-пора шудани кишвар таҳдид менамуд, аммо кўшишу заҳмати хастанопазири халқи тоҷик ва азму иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки сулҳу субот дар кишвар таъмин гардад.

Тавре зикр гардид, ҳамин дастоварди таърихӣ буд, ки имрўз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари кишварҳои мутараққии ҷаҳон қадам зада, дар ҳалли проблемаву масъалаҳои глобалӣ, ки сокинони сайёра бо он рў ба рў гардидаанд, саҳми арзанда мегузорад.

Қайд гардид, ки ҷашни Истиқлол барои сокинони мамлакат ҷашни дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва созандагию бунёдкори маҳсуб ёфта, мардумро ба азму дурусти саъю комил, сўи комёбихои нави меҳнатӣ ҳидоят месозад.

Аз чеҳраи сокинон ҳувайдо буд, ки онҳо ҷашни миллии худ ва оромию суботи кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, софдилонаю содиқона заҳмат мекашанд.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ гардид, ки басо ҷолибу хотирмон буд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саривақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешқадамон бо медалҳои ҷашнӣ, сипоснома ва раҳматномаву ифтихорномаҳо дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай