Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРӢ БО САРБОЗОН

     Имрўз дар асоси нақша чорабиниҳои тарҳрезишуда гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ –и ноҳия вохўрии судманд доир шуд. Дар вохўрӣ муовини раиси ноҳия Муҳуддинзода Д., шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ-и ноҳия Шарифов Р., мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Алиев Ҳ., имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи "Ҳазрати Билол" Бобоев Ф., ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии мазкур иштирок доштанд. Баромадкунандагон оид ба мавзуҳои «Паём роҳнамои мо», «Худкушию худсўзи аз нигоҳи дини мубини Ислом», «Дўстдоштани ватан ва ҳимояи он қарзи ҳар як ҷавонмард», «Пешгирии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» ва ғайра суханронӣ намуда, рўҳияи афсарону сарбозонро ба ваҳдату якдилӣ, ҳимояи марзу бум ва дўстдоштани ватани маҳбубашон гарм намуданд.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай