Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раис)

       Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия таҳти раёсати муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввал, роҳбари дастгоҳ, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Нахуст, муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода натиҷаи супоришҳои додашударо ба роҳбарони баъзе идораҳо дар ҳафтаи гузашта пурсон шуд.

Сипас, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи сентябр ва дар давоми нуҳ моҳи соли равон барасӣ шуд ва муовини аввали раиси ноҳия ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини нақшаи ҷамъоварии андоз дастуру супоришҳои муфид дод.

Масъалаи муҳимми ҷаласа- омодагӣ ба сафари кории Президенти кишвар ба ноҳияи Фархор ҳаматарафа баррасӣ гардида, М. Орифзода ҳамаи шахсони мутасаддиро сахт таъкид намуд, ки супоришҳои додашударо доири масъалаи мазкур дар сатҳи баланд ба сомон расонанд ва шоҳроҳи аз сарҳади ноҳия то дарвозаи н. Фархорро ба тартиб оварда, кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро дар заминҳои шафати шоҳроҳ ҳар чӣ зудтар гузаронанд.

      Доири ҷамъбасти 9-моҳа дар ҳамаи идораву муассисаҳо М. Орифзода ба роҳбарони ташкилоту идораҳо таъкид намуд, ки ҳисоботҳои худро сари вақт омода намоянд.

       Масъалаҳои дигари ҷаласа- назорати рафти бунёди иншоотҳои ҷашнӣ; ҷамъоварии пахта, таъмини оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳии пиёз, обунашавӣ ба матбуоти даврӣ, ҷалби ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, М. Орифзода ба ҳамаи шахсони масъул ҷиҳати иҷроиши корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай